ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ СИФАТИ РОҲҲО ДАР ИДМ ҶОИ ДУЮМ ВА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЗИНАИ АВВАЛРО ИШҒОЛ МЕКУНАД. Кишвари мо дар рейтинги кишварҳои ҷаҳон бо ин нишондиҳанда якбора 20 зина боло баромад

Ноябрь 16, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳо аз ҷиҳати сифатнокии роҳҳо аз зинаи 70 ба 50 боло баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба тадқиқоти Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ФУИ) оид ба сифати роҳҳо дар ҷаҳон хабар медиҳад.

Коршиносони ФУИ сифати қабати роҳро дар саросари кишвар, новобаста аз он ки қисмҳои алоҳидаи роҳ чӣ қадар пурбор ва банд шудаанд, арзёбӣ кардаанд.

Ҳамагӣ ба рӯйхат 138 давлат шомил мебошанд. Тоҷикистон соли 2016 мақоми 70-умро ишғол намуда, бино ба маълумоти охирини соли 2019 кишвар ҷои 50-умро ишғол мекунад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сифати роҳҳо ба ТОП-50 кишвари ҷаҳон ворид шуда, аз Тайиланд (ҷои 55), Индонезия (60), Эрон (79), Гурҷистон (81), Кувайт (84) ва ҳатто аз чунин кишварҳои аврупоӣ, чун Италия (53), Белгия (56), Полша (57), Исландия (63) ва Венгрия (71) пеш гузашт.

Тибқи як пажӯҳиши ФУИ, Тоҷикистон аз лиҳози сифати роҳҳо миёни кишварҳои ИДМ пас аз Озарбойҷон, ки дар зинаи 27-ум қарор дошт, дар ҷои дуюм ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Арманистон зинаи 91, Қазоқистон – 93, Россия – 99, Қирғизистон – 113, Украина – 114, Молдова – 129-умро ишғол кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумон изҳор доштанд.

Ба гуфтаи Роҳбари давлат, бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

«Давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд»,-иброз намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир шуд
Тоҷикистон барои таъсиси паркҳои технологии муштарак бо ниҳодҳои СММ ва шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд
Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд
Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид