www.fgks.org   »   [go: up one dir, main page]

Jump to content

Абдулҳаққи Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 06:03, 5 сентябри 2017 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (Саҳифаи нав: {{Шахсият/Ислом}} '''Абдулҳа́қи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ''' (тақрибан 1551...)
Абдулҳаққи Деҳлавӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис
Таърихи таваллуд: 1 январ 1551
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 июн 1642(1642-06-19) (91 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Абдулҳа́қи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо) — суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва ҷуғрофидон.

Зиндагинома

Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдулҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ фавтид. Оромгоҳаш дар он ҷост.

Таълифот

Абдулҳақи Деҳлавӣ аз зумраи донишмандон ва таҳиягарони пурмаҳсулест. Вай бештар аз 100 таълифот дар улуми мухталиф дорад. Муҳимтаринашон инҳоанд: «Ахбор-ал-ахёр» (тарҷумаи ҳол ва маноқиби аҳли тасаввуф ва ин рисола таҳти унвони «Тазкираи мусаннифини Деҳлӣ» соли 1929 дар Ҳайдаробод ба чоп расид.); «Зикр-ул-мулук» ё «Таърихи Ҳаққӣ» – таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии темуриёни Ҳинд; «Ҷазб-ул-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» – рисола дар бахши таърих, география ва муҳити табиии ш. Макка; «Мадориҷ-ун-нубувва» – дар баёни таърихи Паёмбари ислом; дар асл ин асар тафсирест бар китоби «Суфар-ас-саъда ал-Фирӯзободӣ» ва дар Ҳиндустон чандин бор ба чоп расидааст; рисолаи «Аҳволи аиммаи исно ашъара» дар баёни таърихи аимма ва ислом буда, бар пояи китоби «Фасл-ул-хитоб» -и Муҳаммад Порсо навишта шудааст.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.