www.fgks.org   »   [go: up one dir, main page]

Jump to content

YouTube: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
гурӯҳбандӣ, илова
Сатри 30: Сатри 30:
[[Гурӯҳ:YouTube|*]]
[[Гурӯҳ:YouTube|*]]
[[Гурӯҳ:Интернет-реклама]]
[[Гурӯҳ:Интернет-реклама]]
[[Гурӯҳ:Сайтҳои ИМА]]
[[Гурӯҳ:Вебгоҳҳо]]
[[Гурӯҳ:Вебгоҳҳои ИМА]]
[[Гурӯҳ:Шабакаҳои иҷтимоии бархат]]
[[Гурӯҳ:Сайтҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Сайтҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Google (ширкат)]]
[[Гурӯҳ:Google (ширкат)]]

Нусха 05:50, 28 марти 2019

YouTube
Навъ video streaming service[d], видеохостинг, user-generated content platform[d] ва online community[d]
Таъсисёбӣ 14 феврал 2005
Бунёнгузорон Стивен Чэн[1], Ҷовид Карим[1] ва Чад Ҳарлӣ[d][1]
Бахш соҳаи интернетӣ[d] ва видеохостинг
Шумораи кормандон
Сайт youtube.com(англ.)

YouTube (аз англ. you «ту, шумо» + tube «лӯла» = «телек» жарг. «телевизор»; МФА: [juːt(j)uːb][3] талаффуз: [ютуб], [ютюб] [4]) — ширкати видеохостингӣ ва вебгоҳи сертарафдори дунё пас аз Google ва пеш аз Facebook ва бузургтарин шохаи Google, ки ба истифодабарандагон хадамоти нигаҳдорӣ, интиқол ва намоиши видео пешниҳод менамояд.

Ин сайт ба корбарон иҷозаи боргузорӣ, мушоҳида ва иштирокгузории видео ва бо истифода аз технологяи Adobe Flash видео ва HTML5 анвои видеоҳои монанди клипҳои филм, клипҳои телевизион ва клипҳои мусиқӣ ва ҳам чунин видеоҳои веблогҳо, видеоҳои аслии кӯтоҳ ва видеоҳои омӯзиширо намоиш медиҳад. Ин вебгоҳ қобилияти пуштибонӣ аз видеоҳои себуъдӣ ва анаглифро дорад ва бо форматҳои мухталифе аз ҷумла флеш видео созгорӣ дорад.

Таърих

YouTube тавассути Чад Ҳарлӣ, Cтивен Чен ва Ҷовид Карим ба вуҷуд омад, ки ҳар се аз кормандони ширкати PayPal буданд[5]. Ҳарлӣ дар донишгоҳ Индиана дар Пенсилвания дарси тарроҳӣ мехонд дар ҳоле, ки Чен ва Карим дар донишгоҳи Иллинойс дар Урбоно дониши компютерро мавриди мутолиа қарор дода буданд[6].

Онҳо пас аз муваффақияти вебгоҳ Фликр барои иштирокгузории акс, тасмим гирифтанд вебгоҳе барои иштирокгузории видео эҷод кунанд ва ба ҳамин манзур, дар апартаменти Чен дар Сан-Франсиско меҳмонии шом баргузор шуд ва дар ин бора баҳс карданд[7]. Сармоягузории онҳо барои роҳандозии ин ширкат 11 500 000 доллар буд[8]. Дафтари фаннии аввали YouTube болотар аз як ресторани питсафурӯшии ҷопонӣ дар Сан Матеои Калифорния буд[9]. Саранҷом доманаи вебгоҳи YouTube дар таърихи 14 феврали 2005 фаъол шуд ва дар тӯлли чанд моҳ тавсеаи фаровоне ёфт[10].

Видеоҳои YouTube аввалин бор тавассути Ҷовид Карим, аз бунёнгузорони ин ширкат дар Боғи ҳайвоноти Сан-Диего[11] дар 18 сония филмбардорӣ шуда, 23 апрели 2005 ба вебгоҳи YouTube ирсол шуд, ки ҳанӯз ҳам метавон онро тамошо кард[12].

YouTube умумӣ моҳи майи соли 2005, шаш моҳ қабл аз роҳандозии расмӣ дар ноябри 2005 ироа шуд. Ин вебгоҳ ба суръат рушд кард ва дар моҳи июли соли 2006 эълом шуд, ки ҳар рӯз дар YouTube беш аз 65 000 видео боргузорӣ мешавад ва 100 миллион бор мавриди боздид қарор мегирад[13]. Бо таваҷҷуҳ ба омори ироашуда тавассути ширкати таҳқиқоти бозори comScore, YouTube беҳтарин вебгоҳи баиштирокгузории видео дар ИМА аст ва 43% мардуми ин кишвар, видеоҳои худро дар ин вебгоҳ боргузорӣ мекунанд ва дар моҳ майи соли 2010, 14 миллиард филм дар YouTube боргузори шудааст[14].

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 http://usatoday30.usatoday.com/tech/news/techinnovations/2005-11-21-video-websites_x.htm — 2005.
  2. https://web.archive.org/web/20190331065227/https://www.omnicoreagency.com/youtube-statistics/
  3. YouTube_ definition of YouTube in Oxford dictionary (American English)
  4. Захарченко А. В. Видеохостинг YouTube. Энциклопедический Фонд russika.ru. — «(МФА: [‘ju:tu:b] — «ютуб» или «ютьюб»)»  3 июли 2014 санҷида шуд.
  5. USATODAY.com - Video websites pop up, invite postings. usatoday30.usatoday.com. 14 феврали 2018 санҷида шуд.
  6. YouTube: Sharing Digital Camera Videos. University of Illinois at Urbana–Champaign. 29 ноябри 2008 санҷида шуд.
  7. John Cloud. The YouTube Gurus(англ.), Time (25 December 2006). Проверено 14 феврали 2018.
  8. Miguel Helft, Matt Richtel. Venture Firm Shares a YouTube Jackpot(англ.), The New York Times (10 October 2006). Проверено 14 феврали 2018.
  9. Sara Kehaulani Goo. Ready for Its Close-Up(англ.) (7 October 2006). Проверено 14 феврали 2018.
  10. YouTube.com WHOIS, DNS, & Domain Info - DomainTools(англ.). whois.domaintools.com. 14 феврали 2018 санҷида шуд.
  11. Richard Alleyne. YouTube: Overnight success has sparked a backlash(англ.) (31 July 2008). Проверено 14 феврали 2018.
  12. Me at the zoo. YouTube (April 23, 2005). 14 феврали 2018 санҷида шуд.
  13. YouTube serves up 100 million videos a day online - USATODAY.com. usatoday30.usatoday.com. 14 феврали 2018 санҷида шуд.
  14. comScore Releases May 2010 U.S. Online Video Rankings(англ.), comScore, Inc.. Проверено 14 феврали 2018.

Пайвандҳо

Шаблон:Видеохостинги YouTube Шаблон:Google Шаблон:Android